Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд

Март 28, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 март дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Қазоқистон ва марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон иди байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ҶТ дар ҶҚ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, корпуси дипломатӣ, сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, муовини котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ- Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода ва ҷамъияти тоҷикони муқими Қазоқистон ширкат варзиданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ҳамоиши идонаро ифтитоҳ бахшида, оид ба аҳамияти хоссаи Наврӯз дар таърихи фарҳангии халқи тоҷик, инчунин хислати тамаддунсози ин ҷашни байналмилалӣ барои халқҳои минтақа ва ҷаҳон сухан ронд.

Зимни ин Сафир нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пайгиронаи Ҳукумати кишварро ҷиҳати эҳё ва ҳифзи анъанаҳои миллии тоҷик, аз ҷумла ҷашни Наврӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он таъкид сохт.

Дар доираи ҷашнвора барномаҳои гуногуни ҳунарию варзишӣ, намоиши рақсҳои миллӣ ва шеърхониҳои наврӯзӣ доир гардиданд.

Гӯшаи фарҳангӣ иборат аз маводи таҷассумгари фарҳанг ва таърихи миллӣ, маводи зиёди таблиғотӣ оид ба диёри афсонавӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва намунаҳое аз ҳунарҳои дастии мардумӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуда, барои меҳмонон ва ҳаводорони фарҳангу расму оини миллиамон суфраи наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ пешниҳод гардид.


АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶҚ

Март 28, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид