Намояндагони Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Анқараи Туркия иштирок намуданд

Март 22, 2022 12:46

ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  21 март дар ноҳияи Кечиорени шаҳри Анқара ҷашни Наврӯзи  бостонӣ таҷлил гардид, ки дар он намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, шаҳрвандон ва донишҷуёни тоҷики муқими  ин мамлакат иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижаи МАҚСУД.

Чорабинӣ дар ҳамбастагӣ  ба кишварҳои «Ҳавзаи Наврӯз» доир гардида, дар он намояндагони 11 давлат, аз ҷумла Тоҷтктистон, Туркия, Қирғизистон, Македония, Озарбойҷон, Афғонистон, Косово, Молдова, Қазоқистон, Узбекистон ва ғайра ширкат варзиданд.

Ҳунармандони  кишварҳои мазбур бо рақсу сурудҳои миллии худ намоишҳои ҷолиб пешкаши иштирокчиён намуданд.

Дар ин чорабинии байналмилалӣ раисони шаҳру ноҳияҳои Туркия, намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, ҳайати дипломатии муқими Анқара, доираи васеи васоити ахбори омма, намояндагони илму фарҳанг ва аҳли зиёи кишвари иқомат ва кишварҳои иштирокчӣ иштирок доштанд.

Дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз Раиси ноҳияи Кечиорен Тургут Алтинок ва сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз суханронӣ намуданд. Намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Парвиз Содиқӣ зимни суханронии худ ҳозиринро бо иди бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, аз мақоми муҳими Тоҷикистон дар раванди барқарории Наврӯз ва табдили он ба ҷашни байналмилалӣ ёдовар шуд.

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ин чорабинии бошукӯҳ суфраи Наврӯзӣ бо хурокҳои миллӣ, маҳсулоти анъанавию фарҳангӣ бманзури тамошобинон  гардонида шуд.

Инчунин либосҳои миллии кишвар, сангҳои қимматбаҳо, асбобҳои анъанавӣ, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.


Бояд тазаккур дод, ки ки раисони шаҳру ноҳияҳои кишвари иқомат бо сафирон ва намояндагони кишварҳои «Ҳавзаи Наврӯз» аз суфраи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, аз хӯрокҳои боллазати кишвар чашиданд.

Ҷашни Наврӯзи бостонӣ бо баргузории саҳнаҳои шеърхонӣ, барномаи консертӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ, сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва хӯрокҳои миллӣ руҳияи ҳозиринро шод гардонид.

Дар фарҷоми чорабинӣ оши палави миллӣ ба тамоми иштирокчиён тақсим карда шуд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2022 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст