Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар нахустанҷумани солонаи баҳрабардорони кумаки фаннӣ ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 март Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар нахустанҷумани солонаи баҳрабардорони кумаки фаннӣ, ки аз тарафи Дафтари зиддитеррористии СММ ва Давлати Қатар дар якҷоягӣ дар шаҳри Давҳа барпо гардид, ба таври видеоконференсия иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ Ҷонибек Ҳикмат аз талошу иқдомҳои кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, қабул шудани Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин роҷеъ ба марҳилаи 4-уми лоиҳаи муштарак зери унвони «Нақшаи муштараки амал: Дар роҳи татбиқи фарогири Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» ёдовар шуд.
Намояндаи доимии кишвар инчунин таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба Конфронси дарпешистодаи сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҷалб намуд.
АКС: Намояндагии доимии ҶТ дар СММ








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






