ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 16-19 март дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16-19 март дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи обу ҳаво боқӣ монда, дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ бориши борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад, инчунин 18-19 март дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
18 март дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) бориши пуршиддат ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 17 март дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин 18 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-15 дараҷа дар назар аст.
16-18 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии НТҶ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва водигии вилояти Хатлон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Варзоб, Айнӣ-Панҷикент хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.
Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе–Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Ҷилондӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, шохобҳои ҳавзаи дарёи Вахш (ноҳияҳои Тавилдара, Рашт, Нуробод, Роғун, Норак ва Ёвон) баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






