Ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор гардид. Озмун аз рӯи шаш номина: «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Spelling Bee», Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба «Шоҳмот», «Ғолибони Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷамъбаст гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар маросими мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, масъулини сохторҳои маорифи пойтахт ва ғолибону шогирдон иштирок намуданд.
Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе» ҷойи якум насиби дастаи олимпии ноҳияи Сино бо ба даст овардани 408 ҷойи ифтихорӣ, ҷойи дуюмро дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ сазовор шуда, ҷойи сеюмро дастаҳои олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 162 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 157 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.
Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Соли дуюм аст, ки дар пойтахт бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бо чунин шакл ва услуби нав аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар натиҷа дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо бошад, дастаи ноҳияи Сино ҷойи аввалро соҳиб шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии «Истеъдод» гардид.
Инчунин муассисаҳои таълимие, ки натиҷаҳои хубро нишон дода, шумораи ғолибонашон зиёду ба пешравӣ ноил шудаанд, бо Сипоснома сарфароз гардиданд.
Аз 3854 нафар иштирокчии даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиада 901 нафарро ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, 163 нафар хонандагони синфи 11, 111 нафар ғолибони олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10, 120 нафар наврасони синфҳои (7-8) ва 92 нафар наврасони синфҳои (5-6), 12 нафар ғолибони олимпиадаи «Speeling Bee», 12 нафар ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот» ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаҳо роҳхат ёфта, ҳамаи онҳо барои омодагӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт ба таълим фаро гирифта шуданд.
АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид






