Омӯзиши муштараки имконоти соҳаи бонкдории Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Март 10, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истанбул вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо ноиби Президенти бонки давлатии тиҷоратии Ziraat Bank-и Туркия Юксел Ҷесур баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи иқтисодиёт ва таконҳои ҷиддии бозори молиявии ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба паст кардани шиддати таъсири манфии он ба низоми бонкии кишварҳо ибрози назар намуданд.

Дар вохӯрии мазкур инчунин имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ташкили чорабиниҳои муштаракро ҷиҳати омӯзиши имконоти соҳаи бонкдории Тоҷикистон ва Туркия муҳим арзёбӣ намуданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 10, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид