Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Давид Лаппартиен ва Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфтанд

Март 26, 2022 12:51

ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар мулоқот масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардиданд.

Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар фасли баҳору Иди байналмилалии Наврӯз хайрамақдам гуфта, барои макони ин чорабинӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин вобаста ба рушди варзиши велосипедронӣ ва рафти баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки дар пойтахти кишвар ҷараён дорад, мубодилаи афкор сурат гирифт.


Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар барои дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи олӣ ҷараён доштани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карданд, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон солҳои оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ гузаронида шавад.

Вобаста ба ин масъала ҷонибҳо ба мувофиқа расида, зикр гардид, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ дар ояндаи наздик баргузор хоҳад гашт.


Таъкид шуд, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар Душанбе бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.

Рустами Эмомалӣ аз меҳмонон изҳори ташаккур намуда, дар анҷоми мулоқот ҳозиринро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муттақид сохтанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикргардида, бахусус мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ дастгирии ҳаматарафа ва бевосита пешниҳод месозанд.

АКСҲО: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе/АМИТ «Ховар»

Март 26, 2022 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд