Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 март айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятӣ, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) Манучеҳр Шеров дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд.
«31 марти соли ҷорӣ, айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятии 27534 Шеров Манучеҳр Мисжитович, санаи таваллудаш 23.04.1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 51 дастгир гардид», — омадааст дар иттилоияи Раёсати ВКД дар ВМКБ.
Нисбат ба М. Шеров аз тарафи Прокуратураи ВМКБ 15 ноябри соли 2021 бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3, банди «а» ва 330, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз 9 декабри соли 2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Хотирнишон бояд кард, ки М. Шеров 14 ноябри соли 2021 дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ҷамшед Шаъбонов ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохила бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор намуда буд.
Қаблан ба айбдоршаванда М. Шеров аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ 4 маротиба барои ҳозир шудан ба Прокуратураи ВМКБ расман даъватнома дода шудааст, вале ӯ барқасдона аз ҳозир гардидан ва додани нишондод саркашӣ намудааст.
Нисбат ба дастгиршуда М. Шеров чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.
АКС аз бойгонӣ








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






