Роҳбарияти Сандуқи рушди Қатар ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе даъват гардид

Март 24, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар Давҳа мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода  бо Муовини мудири кулли Сандуқи рушди Қатар (Qatar  Fund for Development) Мусфар аш-Шаҳронӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи рушди устувор ва дар ин замина роҳҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро, ки аз аҳамияти миллию байналмилалӣ низ бархӯрдоранд, баррасӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон даъватномаи кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ба роҳбарияти Сандуқи рушди Қатар тақдим намуд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 24, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид