Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар доир ба умури парлумонӣ Осим Ҳанафӣ Ас-Сайфӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъол намудани гурӯҳи дуҷонибаи дӯстии парлумонӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки имкону зарфияти мавҷудаи парлумонҳо барои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бояд истифода шаванд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.
Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Арабии Мисрро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ, дунёи араб ва ҷаҳони Ислом медонад ва густариши минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкории судмандро бо он ба нафъи мардумони ду кишвар меҳисобад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушди тамосҳои мунтазами байнидавлатӣ, тавсеаи амалии робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла дар самти робитаҳои парлумонӣ табодули афкор намуданд.
Аз ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Миср ва робитаи сохторҳои парлумонии ду кишвар дар раванди эҷоди эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба ва ташаккули заминаи ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Робитаҳои парламентӣ омили муҳими густариши самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Миср, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ номида шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди инфрасохтор ва саноати туризм, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла илмиву маърифатии байни ду кишвар, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон ва Миср дар донишгоҳҳои якдигар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зимни вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






