Сафири Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳо ва ширкатҳои бахши иқтисодии Олмон мулоқот анҷом дод

Март 26, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов 23 март бо як қатор роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳо ва ширкатҳои бахши иқтисодии ин кишвар мулоқотҳо анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Берлин хабар медиҳад.

Дар мулоқот бо намояндаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK) Овсеп Восканян ва Сардори шуъбаи Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказии Палатаҳои саноат ва савдои Олмон  Катарина Виттке роҳандозии ҳамкории ҳасана миёни Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамчунин чорабиниҳои муштараки пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Иттиҳодияи палатаҳои саноат ва савдои Олмон (DIHK) ҳамаи иқтисод ва  тиҷорати Олмонро фаро гирифта, аъзои сершумори онро 79 палатаҳои саноат ва савдо (IHK) аз ширкатҳо дар бахшҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ ва корпоратсияҳо ташкил медиҳанд.

Намояндаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ ба ширкатҳо ва соҳибкорони олмонӣ дар бораи имкониятҳои бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мутаносибан ба ширкату созмонҳои маҳаллӣ оид ба бозори Олмон маълумот ва машварат медиҳад.

23 март мулоқоти Имомудин Сатторов бо мудири федеролии Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон Урс Ункауф баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо атрофи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо BWA ва чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда табодули афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) соли 2003 бо қароргоҳ дар Берлин таъсис ёфта, 17 сол инҷониб тасмим ва лоиҳаҳои ширкатҳои аъзои худро (ҳудуди 1000) дар бисёр кишварҳо ба таври мақсаднок ва самаранок дастгирӣ мекунад.

Аъзои BWA асосан ширкатҳои бахшҳои мухталиф маҳсуб меёбанд, ки онҳо ояндаи рушди тиҷорати худро дар асоси ҳамкории муваффақ бо истинод ба арзишҳо пеш мебаранд.

Бо мақсади вусъати бештари муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс доир гардид.

Тарафҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ҳамчун Иттиҳодияи олмонии иқтисоди хориҷӣ ба пешбурди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.

 

АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶФО

Март 26, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид