Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо шаҳрвандон ва донишҷӯён мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия мулоқоти Сафир бо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ва донишҷӯён баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур дар меҳмонхонаи CVK Park Bosphorous-и шаҳри Истанбул ба миён омад, ки дар он тақрибан 100 нафар шаҳрвандону донишҷуён, соҳибкорон ва варзишгарони тоҷики муқими Туркия иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУДОВА аз шаҳри Истанбул иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҳамзамон Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абухолиқзода (тариқи маҷозӣ) ва муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзода, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия бо ҳайати ин Кумита дар шаҳри Истанбул қарор дорад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиш пас аз садо додани Суруди миллӣ бо суханони ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов оғоз гардид. Ӯ оид ба дастгириҳои пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки “имрӯз аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.”
Сафир гуфт, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо дастгирию кумакҳои бевоситаи роҳбарияти олии кишвар барои тамоми ҷавонон шароит фароҳам оварда шудааст, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд
Дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, сиёсати роҳбарияти кишвар дар самти дастгирии ҷавонон, хатару таҳдиди созмонҳои ифротию террористӣ ба мафкураи ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таъкид гардиданд.
Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар ҳамоиш зимни суханронӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия барои ташкили мулоқоти судманд изҳори миннатдорӣ кард ва гуфт, ки чунин ҳамоишҳо ва зуд-зуд ба ҳам олвардани ҷавонон, суҳбат оростан атрофи арзишҳои волои миллӣ ва аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шудан омили бисёр муҳим барои тарбияи ватандӯстии ҷавононамон аст, ки дар кишварҳои гуногуни олам ба фаъолияту таҳсил машғуланд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба баъзе варзишгарон ва соҳибкороне, ки дар кишвари иқомат номбардори давлату Ҳукумати азизамон ҳастанд, “Сипоснома” тақдим карда шуд.
АКСҲО аз муаллиф










Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумхурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд






