Сафирони навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 март муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаҳои эътимодномаҳои Сафирони навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) Доктор Муҳаммад Саид Муҳаммад ал-Ариқӣ (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) ва Салтанати Уммон Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайниро (бо қароргоҳ дар шаҳри Теҳрон) қабул кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот бо сафири навтаъйини АМА ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Доктор Муҳаммад Саид Муҳаммад ал-Ариқиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.
Ҳамчунин дар суҳбат бо сафири навтаъйини Салтанати Уммон ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Уммон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷӣ сафири Уммонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






