Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кӯдакистони Президентиро ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Президентиро ифтитоҳ карданд.
Бинои Кӯдакистони Президентӣ сеошёна буда, бо унсури миллӣ ва шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.
Муассисаи нави томактабӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст.
Дар кӯдакистон 330 нафар кӯдаки хуштолеи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Таълим дар муассисаи томактабӣ бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Шароити мусоиди муҳайёгардида, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шудааст, имконият медиҳад, ки кӯдакон шурӯъ аз зинаи аввали таҳсилот бо бартарият ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Мувофиқи лоиҳа, муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази дарсӣ, фароғатӣ ва дигар ҳуҷраҳо барои гузарондани машғулият, ҳуҷраҳои шустушӯй, инчунин толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар дохили бинои муассиса ду толор, як толори бозии кӯдакон ва як толор барои гузаронидани чорабиниҳои муассиса мавҷуд мебошад.
Бо назардошти шароити таълим дар маҷмӯъ дар муассиса 14 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани Кӯдакистони Президентӣ 40 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки 20 нафари онҳо мураббияҳои соҳибкасбу ботаҷриба мебошанд.
30 нафар сокини маҳаллӣ дар рафти корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои кӯдакистони Президентӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин карда шуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






