Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ майдони Парчами давлатиро ба истифода супориданд

Март 21, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маҷмӯаи варзишӣ ва иншооти таъиноти гуногун, ки дар  майдони 25 гектар замин бунёд карда шудааст, ба истифода супориданд.

Сипас дар ҳаминҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 64 метрро ташкил намуда, андозаи матои он 10 ба 20 метр мебошад.

Саҳни майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди гулгашти зебою назаррабо дилфиребу ҷолиб сохта, роҳрав ва сутунпояи ин муқаддасоти миллӣ бо сангҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.

Баъди қомат афрохтани Парчами давлатӣ, намои зоҳирии боғ низ куллан дигаргун гашта, ба макони асосии гаштугузори мардум табдил ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузоранд, баҳои баланд доданд.

Майдони Парчами давлатӣ барои сайру гашт, истироҳати сокинону меҳмонон рӯзона ва шабона, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид намуданд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қомат афрохтани Парчами давлатӣ баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин собитгари гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллати тоҷик буда, дар бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастии сокинон нақши ниҳоят бориз дорад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 21.03.2022

Март 21, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд