Сарвазири Люксембург Ксавйе Беттел ба конфронси қарибулвуқӯи об дар Душанбе даъват гардид

Март 1, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Люксембург мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Мудири сиёсии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҳертсогии Бузурги Люксембург Вероника Докендорф баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раванди пайгирии умумии равобити ду кишвар сурат гирифта, масоили умдаи ҳамкории Тоҷикистону Люксембург мушаххасан баррасӣ гардиданд.

Дар ин росто ҳамкории ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони Милали Муттаҳид мавриди баҳси хосса буданд.

Ҳарду тараф барои пуштибонии якдигар ҳангоми пешниҳод гардидани номзадии кишварҳо ба ниҳодҳои мухталиф мувофиқа намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Люксембургро бо навтарин ибтикороти кишвари мо дар бахши дипломатияи об шинос намуда, чорабиниҳои пешниҳодии Тоҷикистонро дар ин бахш муаррифӣ кард ва даъватномаи Сарвазири кишварро ба номи Сарвазири Люксембург Ксавйе Беттел ба Вероника Докендорф супорид.

Ҷонибҳо дар бораи пайгирии мавзӯъҳои баррасишуда ва тамосҳои оянда ба мувофиқа расиданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 1, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд