Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала мулоқот намуд

Март 2, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ  Тери Ҳакала мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои онҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, муҳити зист ва гуманитарӣ баррасӣ гардида, фазои мавҷудаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум омили асосии пешрафти ҳамгироии дуҷониба дониста шуд.

Тақвияти нақши Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи неки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба муҳити зист дар сайёра низ баррасӣ шуда, нақши пешбарии Тоҷикистон ва мувофиқаҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бадастомада дар ин самт калидӣ унвон гардид.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид