Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен мулоқот намуд

Март 26, 2022 13:16

ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид гардид, ки соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи тадбирандешиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи варзишгаронии касбии тоҷик, гузаронидани чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуд.

Баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар Душанбе бо ҷалби беш аз 400 варзишгар аз 27 давлати минтақаи Осиё собитгари ҳамчун кишвари амн ва дорои шароити зарурӣ будани Тоҷикистон арзёбӣ шуда, баргузории чорабинӣ дар самти тарғибу ташвиқ ва рушди варзиши велосипедронӣ дар ҷумҳурӣ заруру саривақтӣ дониста шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз имзои санаду созишномаҳое, ки барои рушди варзиши велосипедронӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам сохтаанд, ҳавасмандӣ зоҳир намуда, боз ҳам тақвият бахшидани робитаро зарур шумориданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2022 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид