Шараф Шерализода бо мудирони кишварии Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Март 3, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 март мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон Озан Севимлӣ ва мудири амалиётии бонки мазкур дар Афғонистон Тони Верхеен бо қароргоҳи муваққатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти бонк дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва тандурустӣ баррасӣ гардид.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ  дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 3, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна