Шодихони Назар: Дар мактаби «Ҷавонони Тоҷикистон» садҳо рӯзноманигорони машҳури мамлакат ба камол расидаанд

Март 11, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 92 сол инҷониб дар ташаккул додани афкори омма саҳми намоён гузошта,   дар ин  мактаби  бузург   чандин наслҳои адибону рӯзноманигорон тарбияву ба камол расида,  номдор гашта,  ба халқу Ватан хизмати содиқона намудаанд ва имрӯз низ ин рисолатро бо сарбаландӣ   ба ҷо оварда истодаанд. Устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзоев ва садҳо рӯзноманигорони машҳур таълимдидаи ин боргоҳанд,  ки нахустин маҳсули эҷодашон низ дар ҳамин рӯзнома нашр шудаву пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик хабарнигори АМИТ “Ховар” бо сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Шодихони Назар суҳбат намуд.

-Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар тӯли фаъолият рисолати хешро софдилонаву садоқатмандона иҷро намуда, азизи дилу дидагони хонандагони сершумор гардидааст. Зеро ҷавонон ин ҳама муддат  рози дили хешро дар саҳифаҳояш меҷустанду онро рафиқи беминнат ва тарбиятгару роҳнамо мепиндоштанд, ки ин мояи ифтихор буда, имрӯз низ рӯзнома бо набзи тоза побарҷост. Тарбия кардани  рӯзноманигорони ҷавон  хоси «Ҷавонони Тоҷикистон» будааст. Ин ҳафтанома модареро мемонад, ки фарзандро бо ҳазорон орзу мепарвараду барои ҳимояи марзу бум, саҳмгузорӣ дар пешрафти ватан, барои хизмат ба миллату давлат равона мекунад,- мегӯяд номбурда.

Шодихони Назар аз таърихи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ёдовар шуда, гуфт, ки  ҳафтанома аввалин маротиба бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» 5 апрели соли 1930 бо теъдоди 500 дона ба нашр расидааст. Соли 1930 рӯзнома ҳамагӣ 57 шумора чоп шуда, дорои 8 ходими эҷодӣ буд. Рӯзнома тӯли фаъолияти худ 3 маротиба тағйири ном намуда, аз соли 1998 инҷониб бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр ва дастраси хонандагон мегардад. Аз давраи таъсис то имрӯз сармуҳарририи ҳафтаномаро 33 нафар ба уҳда доштаанд, ки давраи фаъолияти ҳар яки онҳо мактаби бузургест. Ин майдони фарохи эҷодиеро мемонад, ки ҳар қаламкаше дар он маҳорату истеъдоди нигорандагии хешро озмоиш мекунаду нашри ҳар матлаб дар саҳифаҳояш барояшон неру мебахшад ва онҳоро баҳри навиштани матлаби беҳтаре аз қабл таҳрик медиҳад.

Ҳоло дар ҳафтанома 30 нафар фаъолият менамоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дигар матбуоти даврии мамлакат тайи солҳои фаъолият пайваста дар дифои арзишҳои миллӣ, истиқлолу озодихоҳии миллат, бедор намудани ҳисси худшиносии мардум нақши бузург гузошта, имрӯз низ ин рисолати пуршарафро сарбаландона анҷом дода истодаанд.


Асри XXI, ки асри фановариҳои техникист, ба андешаи аксари одамон мавқеи матбуот танг шуд ва матбуоти мо баҳри анҷом додани масъулияти ба зимма доштааш самти фаъолияташро то андозае тағйир дод. Яъне аксар нашрияҳои мо дар шакли чандрасонаӣ фаъолият доранд. Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» метавонад мисоли равшани он бошад.

Мавсуф зикр дошт, ки  имрӯзҳо  маводи таҳлилии хонданӣ дар матбуот зиёд мушоҳида мешаванд. Нашрияҳои чопӣ имкони хуб ва боварибахш барои ба насли оянда ба мерос мондани фазо ва таърихи имрӯзи миллатанд. Инро мо аз таҷрибае мегӯем, ки ҳамарӯза дари нашрияҳоро даҳҳо нафар, аз донишҷӯ то муҳаққиқ барои дастрасӣ ба шумораҳои солҳои пеш мекӯбанд.

Ин ки матбуот миёни насли ҷавони имрӯз то андозае мавқеи худро аз даст додааст, гузаранда аст. Яъне, ин марҳилаи гузариш аст ва мо бояд инро паси сар кунем. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон дод, ки дар натиҷаи бо суръати кайҳонӣ пеш рафтани илму техника мардум ба рӯзномахонӣ баргашта истодаанд. Далели равшани ин ҳамарӯза ду-се маротиба бо теъдоди садҳо ҳазор аз чоп баромадани рӯзномаҳо дар кишварҳои аз лиҳози техникӣ тариққикарда, ба монанди Кореяву Амрикост. Ин нишони он аст, ки матбуот аз замони пайдоиш нақши муайян дошт, дорад ва дар оянда низ хоҳад дошт.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид