Сироҷиддин Муҳриддин Раиси Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 3 март дар Душанбе Раиси Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Суро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корея табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо алоқамандии худро барои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, аҳаммияти идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су аз 2 то 5 март дар Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади пайгирии тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафарҳои Раиси Маҷлиси миллии Корея ва Вазири корҳои хориҷии он ба Тоҷикистон дар соли 2021 бо якчанд вазорату идораҳои калидӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории шарикӣ мулоқот намуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






