Сироҷиддин Муҳриддин ва Кайрат Сарибай масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва МҲТБО-ро баррасӣ намуданд

Март 4, 2022 13:36

 ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси зиддитерористии Тошканд бо роҳбари Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо МҲТБО мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бургузор гардид.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, , Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Беларус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.

Баъд аз анҷоми кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҷониби иштирокчиён “Эъломияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — МҲТБО анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт. Соли 2019 роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Тоҷикистон ба Қазоқистон гузашт.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 4, 2022 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд