Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкили ҳукумати ҳамашумул изҳори таассуф кард

Март 24, 2022 09:48

ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исломобод роҳбари ҳайати Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) аз иҷро нагардидани шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкили ҳукумати ҳамашумул изҳори таассуф кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

22 март дар шаҳри Исломобод нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ ба кори худ идома дод, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

«Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба зарурати фаъолсозии нақши Созмон ва тақвияти муколама миёни кишварҳои узви он дар ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусулмонӣ таъкид намуд», — тазаккур доданд дар ВКХ ҶТ.


Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷӣ инчунин аҳаммияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосирро зикр кард.

«Дар робита ба масоили марбут ба Афғонистон ва бо ишора ба таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки мутаассифона то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар то ҳол иҷро нагардидааст», — зикр гардидааст дар иттилоияи вазорат.

Дар фарҷоми суханронӣ С. Муҳриддин аз намояндагони воломақоми кишварҳои узви СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овард.

Ҳамчунин 22 март дар ҳошияи нишаст Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷаноби Аҳмад Алӣ ал-Сиёғ вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инчунин рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии байни ду кишвар баррасӣ гардиданд.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Март 24, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид