Тоҷикистон дар Сенегал нишасти шашуми Кумитаи байналмилалии машваратӣ оид ба Раванди оби Душанберо ҳамраисӣ кард

Март 22, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 22.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар шаҳри Дакари Сенегал муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода дар нишасти шашуми Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ҷиҳати пешбурди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки таҳти раёсати ҳамраисони Кумита роҳбари Котиботи Конфронс Султон Раҳимзода ва мудири бахши сиёсати оби Бонки ҷаҳонӣ хонум Ҷениффер Сара баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ш. Шерализода аъзои Кумитаи байнамилалии машваратиро дар бораи рафти омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мегардад, нишос намуд.


Дар ҷаласа Барнома, панелҳои интерактивӣ, санадҳои чорабинӣ ва дигар мушаххасоти Конфронси дуюми Душанбе ба мақсади фарогир сохтани ҳадаф ва мавзӯъҳои он муҳокима гардида, вазифаву нақшаҳои баъдӣ то баргузории чорабинӣ дар Душанбе муайян шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе бо 30 коршиноси варзидаи соҳаи об аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дигар тарафҳои манфиатдор таъсис ёфта, то имрӯз панҷ ҷаласаи он доир гардида буд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 22, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд