Тоҷикистон ва Қатар ба густариши ҳамкорӣ дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори омодагӣ намуданд

Март 19, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафар ба шаҳри Вена директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари ҳайати Давлати Қатар Муҳаммед Алхатер мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Агентӣ оид ба вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин самт, мушкилоти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба ҳайати Давлати Қатар  маълумот пешкаш намуд.

Ҳабибулло Воҳидзода тазаккур дод, ки Агентӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози кишвар омода аст, ки ба хотири таҳкими ҳамкории дуҷониба бо мақомоти ваколатдори Давлати Қатар масъалаи баимзорасонии санадҳоро дар соҳаи мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ баррасӣ намояд.

Ҷонибҳо инчунин омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода барои иштирок дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома ёфт, дар шаҳри Венаи Австрия қарор дошт.

Дар ҳошияи иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбарони ҳайатҳои ИМА Тод Робинсон, Арабистони Саудӣ Муҳаммад Алҳакабанӣ, Покистон Гулам Шабир ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Волӣ мулоқот анҷом дода, дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар баррасӣ кард.

Директори Агентӣ инчунин дар Вена тариқи маҷозӣ «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро муаррифӣ карда, дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони  «Пурзӯр намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ дар доираи СҲШ, мусоидат намудан ба  назорати фаромиллии маводи нашъовар» иштирок намуд.

 

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Март 19, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд