Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориро дар самти муқовимат ба қочоқи маводи нашъаовар тақвият мебахшанд

Март 3, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 03.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 март директори Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Директори минтақавии маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Новокоски, ки бо сафари корӣ  ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Зимни мулоқот директори Агентӣ барои ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба гурӯҳҳои муташаккили маводи нашъаовари фаромиллӣ ва расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ба роҳбарияти Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, фаъол гардидани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ дар минтақа ва афзоиш ёфтани қочоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон омодагии худро барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба иброз намуданд.

 

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Март 3, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид