Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориро дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории судманди дуҷониба миёни мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ва Покистон дар заминаи созишномаи байниҳукуматӣ ва дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ 16 март дар шаҳри Вена зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо директори генералии Қувваҳои зиддимухаддироти Ҷумҳурии Исломии Покистон Гулам Шабир баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, махсусан моддаҳои синтетикии психотропӣ аз Афғонистон, ки солҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ содир карда мешаванд, иброз намуданд.
Бо назардошти таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллии ҳарду кишвар, ҷонибҳо ба имзо расонидани санади нави ҳамкории дуҷонибаро ба мақсад мувофиқ шумориданд.
Ёдовар мешавем, ки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода барои иштирок дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома меёбад, дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.
Дар ҳошияи Иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбарони ҳайатҳои ИМА ва Арабистони Саудӣ Тод Робинсон ва Муҳаммад Алҳакабанӣ мулоқот анҷом дода, дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо ин кишварҳо дар самти назорати маводи нашъаовар баррасӣ кард.
Директори Агентӣ инчунин дар Вена тариқи маҷозӣ «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро муаррифӣ карда, дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони «Пурзӯр намудани ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ дар доираи СҲШ, мусоидат намудан ба назорати фаромиллии маводи нашъовар» иштирок намуд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






