Тоҷикистон ва Туркия баргузории анҷуману нишастҳои соҳибкориро минбаъд низ идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия 3 март, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Надир Алпаслан баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба имконияти тақвияту ташвиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу сайёҳӣ ибрози назар намуда, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ анҷуману нишастҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла ҳузурию маҷозиро ҷиҳати муаррифии тамаддуну фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия, пайваста ташкил менамоянд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 3 март дар шаҳри Истанбул бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия Форуми cайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.
Қисми расмии Форум бо сухани ифтитоҳии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Надир Алпаслан, ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе Эмре Зеки Карагёл оғоз гардид.
Дар ҳошияи чорабинии зикршуда 12 ширкатҳои тоҷикию туркӣ «Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия»-ро ташкил намуданд.
Инчунин, тибқи барномаи Форуми мазкур вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “B2B” ва бо мақомотҳои дахлдори ҷонибҳо дар формати “B2G” ташкил гардида, ба ширкатҳо имкон пайдо шуд, ки санадҳои ҳамкорӣ ба имзо раcонанд.
Дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия дар шакли ҳузурӣ ва беш аз 150 нафари дигар дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд. Дар баробари ин, дар кори Форум коршиносону масъулини соҳаи туризм аз ду кишвар бо пешниҳоди рӯнамо ва наворҳои ҷолиб вобаста ба табиати нодир ва дигар имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия ибрози назар намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд






