Тоҷикистон ва Туркия рушди ҳамкориро дар самти тиҷорати электронӣ баррасӣ карданд

Март 17, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов 16 март бо Раиси Палатаи тиҷоратии шаҳри Анқара Гурсел Баран мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Туркияро мавриди баррасӣ қарор дода, ташкили нишастҳои маҷозию ҳузурӣ байни бахши хусусии шаҳри Анқара ва минтақаҳои Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар, аз ҷумла дар самти тиҷорати электронӣ, мубодилаи таҷриба, ташкили форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ масъалаи баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдои шаҳри Анқара пайгирӣ менамоянд.


Бояд таъкид намуд, ки дирӯз, 16 март бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида, дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад.

Мувофиқи фармони мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад. Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, оид ба низоми тиҷорати электронӣ 16 март Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ибрози назар карданд.

Ба гуфти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, «Бо дарназардошти нақши муҳими тиҷорати электронӣ ҳамчун омили пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар пешниҳод карда шуд, ки шароит ва инфрасохтори соҳа барои гузариши тиҷорат аз шакли маъмулӣ ба электронӣ дар кишвар тақвият дода шавад».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок танзим намудани муносибатҳои соҳибкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии қонунгузориро вазифадор карданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор барои ҳарчи зудтар таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” бо фарогирии талабот, қоидаҳо ва тартиби ташкили фаъолият дар ин соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳамчунин бо мақсади таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати электронӣ дар кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи амал оид ба татбиқи онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад.

 

АКСҲО: Сафорати ҶТ дар Туркия

Март 17, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти мусиқии симфонӣ густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Форуми оби Корея мулоқот намуд
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ҷамъбаст гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси минтақаи Ҷаҳрои Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса нусхаи эътимоднома супорид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои синамо ва авиатсия густариш меёбад
Дар Вена муносибатҳои гуногунҷанба ва судманди Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд
Дар шаҳри Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Бунёди ОПЕК баррасӣ гардид