Тоҷикистон ва Туркия тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуданд

Март 15, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 март вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори он кишвар Адил Караисмаилоглу баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва зерсохторҳои он, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 ноябри 2021 дар Анқара бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷаласаи корӣ ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дарёфти роҳҳои саривақтӣ ва самараноки татбиқи нақшаи амали муштараки он баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Алӣ Донмез ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умедҷон Солеҳзода иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи мазкур инчунин масъулини вазорату идораҳо ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар шакли маҷозию ҳузурӣ иштирок намудаанд.

Зимни мулоқот иштирокчиён роҳҳои татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи амали зикршуда вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин санадҳои дар доираи ҷаласаи Комиссия ва Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия имзошударо баррасӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи созанда барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва омодагӣ ба ташкили ҷаласаи навбатии Комиссия дар шаҳри Анқара дар соли 2022 сурат гирифт.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 15, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд