Тоҷикистон ва Узбекистон рақамикунонии низоми таҳсилотро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов 1 март вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷониба изҳори назар намуда, таҳкими равобит дар соҳаи маориф, табодули таҷрибаи пешқадам ва рақамикунонӣ дар низоми таҳсилотро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Узбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.
Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд мунтазам сурат мегиранд. Президентҳои ду кишвар борҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд. Қобил ба зикр аст, ки тамосҳои мунтазам дар сатҳи роҳбарони ду давлат ва ҳамкориҳои фаъоли сиёсӣ ба таъмиқи равобит байни ду кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Таҳаввулоти дар соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар рухдода ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.
Айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар беш 200 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 17 августи соли 2018 мебошанд.
Масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, баррасӣ мешаванд.
Аз соли 2002 инҷониб 8 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст, ки охирин ҷаласаи он 15 майи соли 2021 дар Тошканд сурат гирифта буд.
АКС: ВКХ ҶТ








Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд






