Вазири маориф ва илм бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и шаҳри Ваҳдат оид ба мушкилоти соҳа суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 шаҳри Ваҳдат дидан намуд. Раҳим Саидзода бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳамсуҳбат гардида, таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва суҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳост. Омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгори фанни забони англисӣ, таъмирталаб будани муассиса, фурӯши билетҳои киною театр ва китобҳои гуногун, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ ва ғайра таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми шиносоӣ Вазири маориф ва илм ба синфҳои 1, 3, 10 ва 11 ворид гардида, бо хонандагон суҳбати озод доир намуд. Ҳамзамон хонандагон дар бораи муқаддасоти миллӣ, Президенти кишвар, Модар ва баҳору Наврӯз шеърҳо қироат намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи вазир посух доданд.


Инчунин вазир зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои 10-11 онҳоро ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ ва интихоби бошууронаи касб ҳидоят намуда, дархост ба амал овард, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд. Ҳамзамон дар рафти суҳбат маълум гардид, ки тамоми хонандагони синфҳои 11-и муассисаи мазкур дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштаанд.
Ҳамчунин Вазири маориф ва илм аз муовини раиси шаҳр ва сардори раёсати маориф дархост ба амал овард, ки ҷиҳати аз таъмири асосӣ баровардани муассиса, аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани муассиса бо омӯзгори фанни забони англисӣ, дар ҳамкорӣ бо Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии вазорат таъмин намудани хонандагон бо китобҳои дарсӣ, манъи фурӯши ҳама гуна китобҳои ғайрисоҳавӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб нагардидани омӯзгорон ба ҷамъоварии маблағ барои фурӯши билетҳои киною театр ва амсоли инҳо тадбирҳои дахлдор андешанд.
АКСҲО: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ










«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид






