Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли вохӯрӣ анҷом дод

Март 18, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 18.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи наве, ки Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони соҳаи маорифи Тоҷикистон таҳти унвони  «Муҳити омӯзиш заминаи таҳсилоти босифат»  таҳия карда истодааст,  50 млн долларро дар бар мегирад. Лоиҳаи зикргадида бо  мақсади  такмил, тақвияти сифат ва устуворӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Гурӯҳҳои кории ҳар дуҷониб корро ба таври мунтазам идома дода истодаанд, то ин ки лоиҳаро барои тасдиқ ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн ва ё июли соли 2022 пешниҳод намоянд. Дар ин бора зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли, ки 17 март дар Вазорати маориф ва илм доир гардид, хабар дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ медиҳад, дар вохӯрии мазкур  ҳамзамон  муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Бонки ҷаҳонӣ дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ Вазири маориф ва илм Раҳим  Саидзода  иброз дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 20 сол аст, ки бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориро ба роҳ монда,  ҷиҳати рушди соҳа як зумра  корҳои судмандро анҷом додааст.

«Лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ, таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз зумраи онҳост», -афзуд Раҳим  Саидзода.

Вазири маориф ва илм ҳамчунин гуфт, ки «бо вуҷуди корҳои анҷомёфта ҳанӯз ҳам чанд мушкилоте ҷой дорад, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат намуд ва яке аз онҳо бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ мебошад».

-Умедворем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар бунёду таҷдиди муассисаҳои нави таълимии замонавӣ моро дастгирӣ хоҳад кард. Айни замон, муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёд аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳои нав доранд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти номбаршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида истодааст ва ба бахши хусусӣ тамоми имтиёзҳо дода шуда, ҳамкорию дастгирии шарикони рушд низ назаррас аст,- илова кард вазир.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли зикр кард, ки дар низоми кории Бонки ҷаҳонӣ инсон сармояи асосӣ маҳсуб  шуда,  маорифро яке аз сутунҳои асосии ин сармоя меҳисобанд. Озан Севимли ҳамзамон таъкид намуд, ки аҳамияти сармоягузорӣ ба сармояи инсон дар сандуқи ҷорабиниҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, афзуда истодааст.

-Айни замон дар кишвар  лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” амалӣ гардида  истодааст.  Дар бораи лоиҳаи “Рушди бармаҳали кӯдак” бояд гуфт, ки ин лоиҳа аллакай фаъолияти худро оғоз кардааст ва айни ҳол мо таъсири онро мушоҳида карда истодаем, — зимни суҳбати онлайнӣ  гуфт  роҳбари амалияҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо Ҳари Патронис.

Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ тамоми  тадбирҳои заруриро меандешанд.

 

Аксҳо: Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд