Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода: «Камбудиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат бояд ислоҳ шаванд!»
ДУШАНБЕ, 30.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба вазифаҳои мудири кафедра ва ҷонишинони деканҳо таъйин намудан аз ҳисоби омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, зиёд намудани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, даст кашидан аз лексияҳои маъмулӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, тарбияи мутахассисон варзида ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни ҷаласаи корӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ки 28 март бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд, дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин муовини вазир Л.Абдулхолиқзода, сардорон, кормандони раёсатҳои кадрҳо ва корҳои махсус, таҳсилоти олии касбию баъдидипломӣ, илм ва инноватсияи дастгоҳи марказии вазорат, ректор, муовинони ректор, деканон, муовинони деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, инчунин ҳайати омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуда, дар он натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм мавриди таҳлил қарор гирифт.


Вазири маориф ва илм иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, хусусан кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарсро таъкид намуда, зикр кард, ки ҳадаф аз санҷиш ва баррасии натиҷаи он дар ҷаласаи имрӯза бозгӯ намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо дар кутоҳтарин муҳлат мебошад.
Сипас сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат Н.Мирзозода доир ба натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ, аз ҷумла оид ба давомоти донишҷӯён, қарздории академӣ, қайди журналҳо, баргузории дарсҳои кураторӣ, қабули рейтингҳо, риояи меъёрҳои муайяншуда, нақшаи инфиродии донишҷӯён ва иҷрои сарборӣ аз ҷониби омӯзгорон, мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар кафедраde факултетҳо, фаъолияти журналҳои электронӣ ва истифодаи воситаҳои аёнӣ дар раванди таълим, ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ, истифодаи донишҷуён аз китобхонаҳои ҷумҳуриявию донишгоҳӣ, фаъолияти омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, таҳияи дастурҳои таълимию китобҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон, ҷамъбасти сессияи санҷишию имтиҳонӣ ва сифати таҳсилот ҳисобот дод.
Дар идома ҷаласаи корӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон доир ба пешбурди фаъолияти илмӣ, таъсиси шӯроҳои дифоъ, такмили ихтисоси омӯзгорон, дар умум, доир ба роҳҳои бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд.
Дар охир Вазири маориф ва илм Р. Саидзода вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда зимни санҷиши гурӯҳи корӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки фаъолияти маркази тестии назди донишгоҳ таҷдиди назар карда шуда, раванди рейтингҳо аз ҷониби омӯзгорон баҳогузорӣ шуда, имтиҳонҳо бо иштироки омӯзгорон ба роҳ монда шаванд. Инчунин давомоти донишҷӯён, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон зери назорати қатъӣ қарор дода шаванд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ










«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд






