Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо: Беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд

Март 9, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола новобаста  аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ин самт мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. Аз масъулини мақомоти вобастаи даъват тақозо карда мешавад, ки барои  сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир андешанд. Шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз миёни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин бора Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо зимни оғози  машғулияти методӣ-таълимӣ, ки дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  бо мақсади  сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ доир гардид, изҳори назар кард.

Қабл аз оғози машғулияти таълимӣ роҳбарияти Вазорати мудофиа нахуст доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвият бахшидани ҳайати захираҳои сафарбарӣ, омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани талаботи Нақшаи мудофиаи ҳудудӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар масъалаҳои вобаста ба тайёрии масъулин дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ибрози  андеша  намуданд.

Ҳамзамон аз иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддӣ талаб карда шуд.

Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвандон ба унвонаш иброз дошт, ки  масъулини соҳа ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам ҷоннок намуда, бобати ҳалли мушкилот ва дигар масъалаҳое, ки ба даъвати ҷавонписарон марбут мебошанд, дар чаҳорчӯбаи қонун сари вақт қарори дахлдор қабул намоянд.

Илова бар ин, супориши қатъӣ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо, таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намудан нисбат ба иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон диққати ҷиддӣ равона карда шавад.

Баъд аз анҷоми ҷаласа бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҷамъомади таълимӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки 4 марти соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёнии ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба тасвиб расид.

 

АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ

Март 9, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид