Вазорати маориф ва илми ҶТ: Муаммоҳо дар самти омода намудани мутахассисони равияҳои омӯзгорӣ бартараф мешаванд

Март 3, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 03.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати омода ва таъмини омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд. Ин нуктаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баргузории  ҷаласаи корӣ доир ба омода намудани мутахассисон аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ баён намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мутахассисони соҳибкасб мебошад.

Вазири маориф ва илм зимни таҳлили вазъи омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зикр кард, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ фаъолият намуда, мутахассисонро аз рӯйи 18 ихтисос омода менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур 16 511 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, ба таълиму тарбияи онҳо 1282 нафар омӯзгор машғуланд, ки аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 38 нафар номзадҳои илм мебошанд.

Қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ 5216 нафар буда, 57,8 фоизи нақшаи қабулро ташкил медиҳад.

«Азхудкунӣ ва сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии мазкур қонеъкунанда нест. Чунончӣ, аз рӯйи маълумоти пешниҳодшуда ва санҷишҳои масъулони вазорат маълум мешавад, ки сатҳи азхудкунӣ дар маҷмӯъ 86,5 фоиз ва сатҳи сифати таҳсилот ба 35,0 фоиз баробар мебошад», — гуфт Раҳим Саидзода.

Зикр шуд, ки якчанд муаммоҳое мавҷуданд, ки бояд барои бартараф намудани онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шаванд. Аз ҷумла, кӯҳнаю фарсуда будани заминаи моддию техникии аксари муассисаҳои таълимӣ, норасоии неруи кадрии муассисаҳо аз ҳисоби омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ва дар ин зинаи таҳсилот пешбинӣ нагардидани додани дараҷаи унвони дотсент ва профессор, нарасидани китобҳои дарсии тахассусӣ, барномаҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ, дар сатҳи зарурӣ нагузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, инчунин дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоштани муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.

Дар ҷараёни ҷаласа вазир изҳор дошт, ки эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгории баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Дар робита ба ин, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагонро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пайгирӣ намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар се моҳ ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд. Ҳамзамон нисбат ба хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва квотаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намудаанд ва то имрӯз бо сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нагардидаанд, тибқи талаботи амалкунанда чораҷӯӣ карда, аз натиҷаи он ба Вазорати маориф ва илм пайваста маълумот ирсол намоянд.

Масъалаи дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ- ин пешбурди фаъолияти таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мебошад, ки такмили ҷиддӣ талаб менамояд.

Тахлилҳо нишон доданд, ки вазъи қабули санҷишҳои фосилавӣ (марҳилавӣ) ва машғулияти аудитории ҳузурӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ нигаронкунанда буда, беҳбудӣ талаб менамояд.

Зикр шуд, ки тибқи талабот ҳадди ақалли ҳаҷми машғулияти аудитории ҳузурӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ барои як соли таҳсил на камтар аз 6 кредит муқаррар карда шудааст ва донишҷӯён бояд зимни баргузории сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на камтар аз чор ҳафта ба машғулияти дарсӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамчунин Раҳим Саидзода роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, иштироки донишҷӯёнро дар раванди таълими низоми таҳсилоти фосилавӣ таъмин намоянд.

 

АКСҲО: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Март 3, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсия баргузор гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Донишкадаи омӯзгории Узбекистон ва Финландия ҳамкориро густариш медиҳад
Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад