«ЯКҶОЯ БА ПЕШ!». Бахшида ба 30-солагии равобити дипломатии Тоҷикистон ва ИМА китоб ба нашр расид

Март 16, 2022 12:36

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии истиқрори равобити дипломатии Тоҷикистон ва ИМА таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико: 30 соли шарикии устувор» китоб ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муаллифи китоб Абдуқаюм Мамадазимов буда, он бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар матбааи «Нашриёти муосир» чоп гардид.

Тадқиқоти монографии мазкур ба омӯзиш ва таҳлили ташаккул ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА дар давраи муосир бахшида шудааст.

Муаллиф бо такя ба доираи васеи асноди таърихӣ ва маводи бойгонӣ дар бораи рӯйдодҳои асосӣ ва чорабиниҳои муштарак, мулоқоту музокироти намояндагони воломақоми ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд барои ду кишвар маълумоти муфассал медиҳад.

Дар китоб равандҳои таҳаввул ва тавсеаи ҳамкорӣ ва равобити наздики Тоҷикистон ва Амрико тӯли 30 соли муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, амният, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, кумакҳои башардӯстона, фарҳанг, маориф, илм ва ғайра ҷамъбаст шудаанд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар сарсухан навиштааст, ки пажӯҳиши китоби мазкур дониши моро дар бораи таърихи ду кишвар бештар мекунад.

«Дар замони сафорати ман равобити ду кишвар (Тоҷикистон ва ИМА, — тавзеҳи АМИТ «Ховар») дар заминаҳои нав густариш ёфта, мушкилоте, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 падид омаданд, бартараф шуданд», — тазаккур додааст сафир.

Ҷон Марк Поммершайм бо ифтихор зикр кардааст, ки ҳамроҳ бо кормандони амалгарои сафорати ИМА дар бунёди пулҳо миёни мардумони ду кишвар ва сохтани ояндаи дурахшон барои Тоҷикистон нақшу саҳм дорад.

«Мо дар ҳама тарҳҳои худ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории зичу  ҳамоҳанг дорем. Пешрафти мо ҳамеша комёбии муштараки мост, — гуфтааст дар фарҷом ӯ. — Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки ҳамроҳ ба пеш равем ва ин шиори мо барои 30-юмин солгарди истиқрори равобит миёни ИМА ва Тоҷикистон аст: «Якҷоя ба пеш!». Мо ин равобитро дар рӯҳияи ҳамкорӣ, кумакрасонӣ ва дӯстӣ идома хоҳем дод. Поянда бод дӯстӣ миёни мардумони Амрико ва Тоҷикистон!».


Мавзуи китоби мазкур, тавре болотар ишора шуд, маҳз муносибатҳои Тоҷикистону Амрико ва мавзӯи он, таҳқиқи раванди барқароршавӣ ва тавсеаи тадриҷии муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарду давлат дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадаф аз навиштани китоб ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла донишҷӯён, магистрантон, аспирантҳо ва ҷомеаи илмӣ пешниҳод кардани таърихи 30-солаи муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА ба ҳисоб меравад.

Чаҳорчӯбаи мавзӯи китоб (тадқиқот) аз оғози истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 то охири соли 2021, яъне давраи сӣ соли ҳамкории ду кишварро дар ҷаҳони муосир фаро мегирад.

Асоси методологии китобро назарияи муносибатҳои байнидавлатӣ, принсипҳои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории байни кишварҳо ташкил медиҳад.

Тадқиқоти анҷомшуда бар принсипи таърихият асос ёфтааст, ки баррасии таърихи ташаккул ва рушди минбаъдии муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА-ро дар робита ба равандҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ-идеологӣ ва ғайра ифода мекунад.

Арзиши илмӣ ва навгонии китоби мазкур дар он аст, ки бори аввал заминаҳои шаффофи ташаккул ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону ИМА ва давраҳои асосии ҳамкории ду кишвар ҳамаҷониба баррасӣ мешаванд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»   

Март 16, 2022 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумхурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд