12 АПРЕЛ- РӮЗИ АВВАЛИН ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. Давраи кайҳоннавардии таърихи башар аз ин сана оғоз гардид

Апрель 12, 2022 10:52

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1961 инҷониб 12 апрел дар тамоми дунё чун санаи муҳим ҷашн гирифта мешавад. 61 сол қабл, дар ин рӯз кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зада, ба давраи кайҳоннавардии таърихи башар оғоз ниҳод.  

 Ба суоли он ки инсонҳои рӯи Замин аз тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон чӣ манфиат мебинанд, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), барандаи Ҷоизаи солонаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» Гулчеҳра Қоҳирова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин посух дод: 

«Таърихи омӯзиши фазои кайҳон барои имрӯзу фардо масъалаҳои хеле муҳим ба майдон овард. Мо имрӯз кашфиёти ҷолиб ва бузурге дорем, ки маҳз ба омӯзиши кайҳон вобастаанд. Бе парвози моҳвораҳо ва қадами авалини инсон ба фазои кайҳон зиндагии имрӯзаро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз воқеаҳои таърихии сар додани моҳвораи якумин соли 1957 ва аввалин парвози инсон ба кайҳон соли 1961 омӯзиши кайҳон фаъол гардида, ба марҳилаҳои нав расид. Дар натиҷаи ин равандҳо башарият маводи хеле тоза, моддаҳои биологӣ ва тиббии нав, усулу технологияҳои нав ба даст овард, ки дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии инсоният фаровон истифода бурда мешаванд. Озмоишгоҳҳо тавассути радифҳо таҷрибаҳо мегузаронанд, ки ин дар шароити Замин ғайриимкон аст. Дар натиҷа равандҳои зиёди нави биологӣ, физикӣ ва химиявӣ тадқиқот шуда, доруҳо ва моддаҳои нав, технологияҳо ва усулҳои инноватсионӣ ба даст оварда шуданд, ки татбиқи онҳо барои фаъолият ва инкишофи ҷомеаи муосир аҳамияти бузург дорад».

Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки имрӯз тараққиёти илму техникаи муосир бо суръати баландтарин пеш меравад. Ин рушдро бе омӯзиш ва истифодаи  кайҳон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҷараёнҳои мазкур бо мақсадҳои осоишта ва сулҳҷӯёна ба роҳ монда шудаанд. Вобаста ба ин  манфиатдории башарият дар тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади баланд бардоштани тамаддуни башарӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст.

Шабакаи тамоси ҷаҳонии Интернет, шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои алоқаи мобилӣ  ба туфайли аз худ кардани фазои кайҳонии наздизаминӣ, яъне сар додани радифҳо ба ин фазо ва дар натиҷаи омӯзиши кайҳон пайдо шудаанд. Омӯзиши холати обу ҳаво ва пешгӯии он, харитасозии сатҳи Замин ва муайян кардани координатҳо (воситаҳои GPS), хизматрасонии навигатсионӣ, ҷустуҷӯи маъданҳои фоиданок ва ғайра- ҳамаи ин далелҳои амалӣ  натиҷаҳои муваффақонаи омӯзиши кайҳон мебошанд.

Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд, ки истифодаи моҳвораҳои махсуси фазои кайҳон барои якчанд вазорату мақомот низ хеле зарур мебошанд. Алалхусус, барои пешгӯӣ ва назорати ҳодисаҳои фавқулода, аз ҷумла тармафароӣ, селҳо, сӯхтор ва ғайра саҳми омӯзиш ва истифодаи фазои кайҳон беназир аст. Мониторинги заминҷунбиҳо бо воситаи моҳвораҳои кайҳонӣ ва коркарди усулҳову аломатҳои пешгӯии заминҷунбӣ бе кайҳон ғайриимкон мебошад.

Роҷеъ ба ин мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷкистон тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади осоишта мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳангоми парвози радифи сунъии аввалин 4 октябри соли 1957 дар Институти астрофизика, ки дар он давра бо номи Расадхонаи астрономии Сталинобод маълум буд, мушоҳидаҳои ин радиф бо муваффақият гузаронда шуданд. Баҳори соли 1958 дар шаҳри Душанбе (он давра Сталинобод) дар ҳудуди Институти астрофизика пойгоҳи мушоҳидаи фотографӣ ташкил шуда буд, ки ба уҳдаи он вазифаи мунтазам гузаронидани назорати радифҳои сунъӣ гузошта шуда буд. Маводи аввалини мушоҳидаҳои фотографии радифҳо имконият дод, ки маълумоти пурқимат ба даст оварда шуда, ба ҳалли проблемаҳои муҳими геофизика ва астрономия ёрӣ расонида шавад. Бо ёрии асбоби махсус аввалин мушоҳидаҳои фотографии радифи сунъии сеюми шӯравӣ соли 1958 дар Институт гузаронида шуданд. Натиҷаҳои мушоҳидаҳое, ки дар пойгоҳ ба даст оварда шуданд, асосан барои муайян кардани координатҳои радифҳо истифода мешуданд.

Солҳои зиёд олимони Институти астрофизика дар иҷрои барномаҳо, аз ҷумла барномаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои соҳаи кайҳонӣ пурсамар иштирок намуданд, ки имрӯз мо тадқиқи ин масъалаҳоро идома дода истодаем.

Айни замон дар Институт тадқиқот аз рӯи ин самт идома доранд. Махсусан мушоҳидаи радифҳо ва пораҳои онҳо бо истифодаи асбоби рақамӣ-телескопи якметраи Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох (РАБС), ки коркарди фаврии маълумоти мушоҳидавиро таъмин мекунад, гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои фаврӣ барои назорат ва идораи дастгоҳҳои кайҳонӣ ва масъалаҳои экологияи фазои кайҳонии наздизаминӣ заруранд. Натиҷаҳои омӯзиши кайҳон дар Институти астрофизика ба талабот ва стандартҳои созмони ҷаҳонӣ мувофиқанд ва ба махзани маълумоти ҷирмҳои кайҳонӣ ворид гардидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дастовардҳои мо дар соҳаи кайҳон аз тарафи олимони ҷаҳон истифода бурда мешаванд. Аз рўи натиҷаҳо, якчанд мақолаҳо интишор гашта, баромадҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таҳия гардидаанд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии парвози кайҳонии инсон Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳар сол дар расадхонаи Ҳисор ҳамоиш мегузаронад, ки дар он кормандони институт, мактаббачагон ва донишҷӯён, онҳое, ки ба илми астрономия ҳавас доранд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок мекунанд.

Дар  ин ҷаласаҳо марҳилаҳои аввалини асри кайҳонӣ бори дигар дида баромада, проблемаҳои муосири омӯзиш ва бо мақсадҳои осоишта истифода бурдани кайҳон, роҳҳои ҳалли онҳо, масъалаҳои ба ин соҳаи илм ҷалб намудани ҷавонону соҳибистеъдодҳо баррасӣ карда мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз/бойгонӣ

Апрель 12, 2022 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид