22,3 фоизи қарзҳои ба муштариён пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» ба соҳаи саноат рост меояд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар се моҳи соли равон аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 16 ҳазор муштарӣ 342 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки беш аз 22 фоизи он ба соҳаи саноат рост меояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».
Қарзҳои мазкур дар иртибот ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026 дар Тоҷикистон ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи иқтисоди мамлакат дода шудаанд.
Ҳаҷми қарздиҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 44 фоиз зиёд зиёд гардидааст. Аз қарзҳои додаи «Амонатбонк» ба муштариён 22,3 фоиз ба соҳаи саноат, 27,3 фоиз ба кишоварзӣ, 28,3 фоиз ба соҳаи истеъмолӣ, 3 фоиз ба сохтмон, қариб 18 фоиз ба тиҷорат, 0,4 фоиз ба соҳаи нақлиёт ва 0,8 фоиз ба соҳаҳои хизматрасонӣ -сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ рост меояд.
«Амонатбонк» барои гузоштани саҳми назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
АКС: аз манбаъҳои боз.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






