Абдулазиз Комилов аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон озод шуд. И.в. Владимир Норов гардид

Апрель 29, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов (ДАР АКС) бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд, хабар медиҳад Kun.uz бо истинод ба котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Асадов.

Ба гуфтаи ӯ, Абдулазиз Комилов, ки дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард, муовини Котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният таъйин шуд.

Дар навбати худ Бобур Усмонов, ки муовини котиби Шӯрои амният оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният буд, муовини директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ таъйин гардид.

Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки Владимир Норов муовини аввал ва муваққатан иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон таъйин шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 29, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд