Ҳадафҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар Саммити 4-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором муаррифӣ мегарданд

Апрель 15, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ 13 апрел вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии равобити иқтисодӣ дар бахшҳои гуногун ва имконияти густариши он табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон муаррифии нақшу ҳадафҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (6-9 июни соли 2022, Душанбе) ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (марти 2023, Ню-Йорк) дар Саммити 4-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки 23-24 апрели соли 2022 дар шаҳри Кумамотои Япония баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардид.

Бояд зикр намуд, ки 12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 юни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад гардид, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишаст муовини раиси кумитаи тадорукот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маълумот пешниҳод кард.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронс Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори он котиботи Конфронс таъсис ёфта, ҳоло дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Илова бар ин, ба сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. Торнамои расмии Конфронс дар шабакаи интернет (www.dushanbewaterprocess.org) ва саҳифаҳои Конфронс дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» (@DWaterProcess) ва «Facebook» (Dushanbe Water Process) боз гардиданд.

Дар Конфронси дуюми сатҳи баланд баргузории панелҳо тибқи се гурӯҳи алоҳида гурӯҳбандӣ шуда, ба мавзӯъҳои гуногун тибқи се ченаки рушди устувор бо дарназардошти давраи пасазбуҳронии ҳамагирии COVID-19 ва ҳамчунин як гурӯҳи алоҳидаи панелҳои интерактивӣ, дар маҷмӯъ 12 панел дар назар аст.

Дар доираи Конфронс 6 Форум, аз ҷумла Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, Форуми об барои занон, Форуми об барои кӯдакону ҷавонон, Форуми об барои ҷамоатҳои маҳаллӣ/мардуми таҳҷоӣ, Форуми об ва кӯҳистон ба хотири рушди устувор ва Форуми об бо иштироки бахши хусусӣ, инчунин Фестивали об дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» гузаронида мешаванд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 15, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд