Ҳайати тоҷирони Хатлон аз намоишгоҳи «UzFood 2022» боздид намуда, бо фаъолияти корхонаи «TESPACK» шинос мешавад

Апрель 1, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 30 нафар роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хатлон, назири «Насими кӯҳсор», «Ҳасанҷон-2017», «Форсиён», «Маҳсулоти ширӣ», «Насими Вахш» ба Узбекистон сафар карда, аз Намоишгоҳи байналмилалии «Хӯрокворӣ, компонентҳо ва технологияҳои истеҳсолӣ — UzFood 2022» боздид намуданд,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Сафари ҳайати доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ба Узбекистон бо дастгирии шарикони рушди кишвар ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ташкил карда шуд.

Ҳайати соҳибкорону тоҷирони  вилояти Хатлон дар ҷараёни сафар бо роҳбарони

бузургтарин шабакаҳои фурӯши чакана, аз ҷумла «Макро», «Корзинка», «Каррефур», «Барака», «Хавас»  ва ғайра вохӯрӣ  намуда, доир ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили истеҳсолот ва фурӯши он дар бозорҳои дохилию хориҷӣ табодули афкор намуданд.

Тоҷирони вилояти Хатлон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода вохӯрӣ намуда, доир ба тақвияти робитаҳои иқтисодӣ бо доираҳои тиҷоратии Узбекистон изҳори назар намуданд.

Зимни мулоқот Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла агросаноат, басту банди маҳсулоти тайёр, таблиғоти зарурии маҳсулот ва истифодаи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот пешниҳод кард. Ҳамчунин омодагии хешро вобаста ба мусоидат ва ташкил намудани вохӯриҳо бо сохторҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии давлати иқомат, инчунин бо фаъолоне, ки дар рушди иқтисодиёти давлати иқомат иштирок менамоянд, иброз намуд.

Қарор аст ҳайати соҳибкорону тоҷирони вилояти Хатлон  1-2 апрел бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти бузургтарин истеҳсолкунандагони зарфҳои пластикӣ барои маҳсулоти ширӣ дар Узбекистон «TESPACK» ва ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти ширии ферментӣ: кефир, биокефир, қаймоқ, сметана, айрон, йогурт, панир ва ғайра ба вилояти Самарқанд сафар намоянд.

АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶУ

Апрель 1, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд