Ҳайати тоҷирони Хатлон аз намоишгоҳи «UzFood 2022» боздид намуда, бо фаъолияти корхонаи «TESPACK» шинос мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 30 нафар роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хатлон, назири «Насими кӯҳсор», «Ҳасанҷон-2017», «Форсиён», «Маҳсулоти ширӣ», «Насими Вахш» ба Узбекистон сафар карда, аз Намоишгоҳи байналмилалии «Хӯрокворӣ, компонентҳо ва технологияҳои истеҳсолӣ — UzFood 2022» боздид намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Сафари ҳайати доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ба Узбекистон бо дастгирии шарикони рушди кишвар ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ташкил карда шуд.
Ҳайати соҳибкорону тоҷирони вилояти Хатлон дар ҷараёни сафар бо роҳбарони
бузургтарин шабакаҳои фурӯши чакана, аз ҷумла «Макро», «Корзинка», «Каррефур», «Барака», «Хавас» ва ғайра вохӯрӣ намуда, доир ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили истеҳсолот ва фурӯши он дар бозорҳои дохилию хориҷӣ табодули афкор намуданд.
Тоҷирони вилояти Хатлон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода вохӯрӣ намуда, доир ба тақвияти робитаҳои иқтисодӣ бо доираҳои тиҷоратии Узбекистон изҳори назар намуданд.
Зимни мулоқот Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла агросаноат, басту банди маҳсулоти тайёр, таблиғоти зарурии маҳсулот ва истифодаи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот пешниҳод кард. Ҳамчунин омодагии хешро вобаста ба мусоидат ва ташкил намудани вохӯриҳо бо сохторҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии давлати иқомат, инчунин бо фаъолоне, ки дар рушди иқтисодиёти давлати иқомат иштирок менамоянд, иброз намуд.
Қарор аст ҳайати соҳибкорону тоҷирони вилояти Хатлон 1-2 апрел бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти бузургтарин истеҳсолкунандагони зарфҳои пластикӣ барои маҳсулоти ширӣ дар Узбекистон «TESPACK» ва ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти ширии ферментӣ: кефир, биокефир, қаймоқ, сметана, айрон, йогурт, панир ва ғайра ба вилояти Самарқанд сафар намоянд.
АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶУ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






