Ҷамоатҳои деҳоти Регар, Пахтаобод, Навободи шаҳри Турсунзода маъракаи кишти пунбадонаро ба анҷом расониданд
ТУРСУНЗОДА, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон мувофиқи дурнамо кишоварзони шаҳри Турсунзода бояд дар майдони 1000 гектар навъҳои пунбадонаи «Истиқлол», «Дӯстӣ», «Флеш» ва «Фаровон» кишт намоянд. Деҳқонони шаҳри Турсунзода аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқониву дастҷамъӣ ба кишти пунбадона машғуланд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Сарагрономи Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Абдукарим Файзуллоев изҳор дошт, ки кишоварзони шаҳр кишти пахтаро 6 апрел оғоз намуданд ва то имрӯз якчанд ҷамоати деҳот аз иҷрои нақшаи кишти пунбадона баромаданд. Аз ҷумла, нақшаи кишти пунбадонаро хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти Навобод 105,6%, Регар 101,4 % ва Пахтаобод 100% иҷро намуданд.
Мувофиқи талаботи агротехникӣ, мавсими кишти пунбадона дар шаҳри Турсунзода идома дошта, то имрӯз иҷрои дурнамои кишти чигит дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






