БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнон тарабхонаи замонавӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вужи Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррухшо Мирзоҷалолов тарабхона бунёд гардида истодааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
7 апрел зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Вер раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз ҷараёни бунёди тарабхонаи мазкур дидан намуд.
Бинои мазкур дар зарфи се сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда, аз 2 ошёна, таҳхона, ошхона ва тарабхона иборат мебошад.
Дар маҷмӯъ бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Мутобиқи нақша, бинои тарабхона пас аз як моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дохили толори тарабхонаи навбунёд бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, санъати баланди меъмории миллиро ба меҳмонон, хосса сайёҳон муаррифӣ менамояд.
Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам меорад, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад.
АКС: МИҲД-и н.Шуғнон








Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд






