БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор Маҷмааи баландошёнаи «Hisor Мall» бунёд мегардад

Апрель 20, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри  Ҳисор Маҷмааи бисёрвазифавии баландошёнаи «Hisor Мall», ки тарҳи онро ҶДММ «Архиком-К» омода намуда ва аз лиҳози сохту услуби  меъморӣ дар ҷумҳурӣ ягонаю нодир аст, бунёд карда мешавад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки Маҷмааи бисёрвазифавии баландошёнаи «Ҳисор-Молл»-ро ширкати сохтмонии «Себистон 2018» бунёд менамояд.

Раиси  шаҳри  Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, хусусан корҳои оҳану бетонӣ дар пойдевори иншооти ҷашнии «Ҳисор Молл», ки дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Абдурауф Юсуфов бунёд мешавад, шинос гардид.

Масъулони ширкати сохтмонии «Себистон 2018» зимни вохӯрӣ ба Раиси шаҳри Ҳисор  изҳор доштанд, ки  минбаъд барои вусъати корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар мутахассисону сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб менамоянд. Ба Раиси шаҳр ангораи лоиҳаи биноро муаррифӣ намуда, маълумот доданд, ки тибқи лоиҳа, иншоот аз як бинои 20-ошёна ва ду бинои 17-ошёна бо 93 хонаи якҳуҷрагӣ, 150 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ иборат буда, соли 2024  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар ошёнаҳои якуму дуюми бино марказҳои савдою хизматрасонӣ, аз қабили супермаркетҳо, тарабхонаю қаҳвахона, ошхонаи хӯрокҳои тезтайёр, кинотеатр, бонк, толорҳои бозиҳои кӯдакона ва компютерӣ, кошонаи ҳусн, фитнесклубҳои занонаву мардона, ҳавзи шиноварӣ, дигар марказҳои хизматрасонӣ, инчунин дар таҳхонаи бино дар ду ошёна тавақуфгоҳ барои мошинҳо, ки дар Ҳисор таҷрибаи аввалин ба ҳисоб меравад, дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин байни таҳхона ва ошёнаҳои 1-2 насби якчанд зинаҳои равон (эскалатор) ва дар ҳар бино 3 адад лифт, аз ҷумла лифти борбардор пешбинӣ гардидааст. Иншоот аз ҳисоби чоҳи амудии худӣ пурра бо оби ошомоданӣ таъмин гардида, дар ҳолати қатъ гардидани интиқоли барқ аз 4 то 5 соат бо усули худкор бо барқ таъмин хоҳад шуд.

Дар марказҳои хизматрасонии ҳудуди иншоот ба сокинони биноҳои мазкур дар пардохти маблағи он 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад. Қосим Роҳбар намои биноро, ки дар лоиҳа омадааст, беҳтарин тарҳ унвон карда, сохтмончиёнро барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо ҳидоят намуд.

Бояд тазаккур дод, ки айни ҳол аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Усто Набот», «Металлинвест», «Евростандарт», «Дилосо», «Нури Дилшод», «Сохтмон Қалъа», «Ормон 2019», «Заррин 21» дар 26 мавзеи шаҳри Ҳисор сохтмони беш аз 50 бинои баландошёна бо ҷойгиркунии марказҳои савдою хизматрасонӣ идома дорад.

Иншооти мазкур дар доираи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  давра ба давра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

 АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 20, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд