БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мурғоб майдони нишону парчами давлатӣ ва Неругоҳи барқи офтобӣ бунёд мегарданд

Апрель 12, 2022 13:41

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба ноҳияи Мурғоб сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон шинос гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар аз Кумитаи мазкур.

Сафари мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар, инчунин   дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар  сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат гирифт.

Зимни сафари корӣ раиси Кумита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ  дар иншооти ҷашнӣ –майдони нишон ва  парчам, муассисаҳои таълимӣ, беморхона, неругоҳ, парваришгоҳи ҳайвоноти нодир шинос шуда, ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани сохтмони иншооти мазкур ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ  бо сокинони ҷамоатҳои дурдасти ноҳия, аз ҷумла ҷамоати Қизилработ, Шаймок, Қаракӯл ва Рангкӯл вохӯрию суҳбат намуд.

Дар машварати ҷамъбастие, ки  бо иштироки фаъолони ноҳия,  роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон ва дигар масъулин доир гардид,  масъалаҳои  марбут ба дурнамои  рушди  иқтисодию иҷтимоии ноҳия  ва равнақи бунёдкорию созанагӣ дар иртибот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Ҳангоми бозгашт Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Баҳодур Шерализода  дар ҷамоати Аличор аз ҷараёни корҳои сохтмони Неругоҳи барқи офтобӣ ва парваришгоҳи ҳайвоноти нодири хоҷагии шикории «Барс» боздид намуд.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 12, 2022 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд