БА ТОҶИКИСТОН МАРҲАМАТ КУНЕД! Роҳи заминӣ ба Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва бозгашт кушода шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо COVID-19 дар Қазоқистон ба тартиби убури сарҳади давлатии кишвар дар давраи маҳдудияти карантинӣ тағйирот ворид кард, хабар медиҳад манбаи иттилоотии Zakon.kz. Ҳамин тариқ, шурӯъ аз 11 апрели соли равон ба вуруди шахсоне, ки тавассути гузаргоҳҳои заминӣ аз сарҳади Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ворид мешаванд, иҷозат дода мешавад.
Вазорати нақлиёти Узбекистон низ аз кушодашавии хатсайрҳои заминӣ, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои мунтазами автобус ва роҳи оҳан бо Қазоқистон хабар дод. Ин маънои онро дорад, ки роҳи заминӣ аз Тоҷикистон на танҳо барои Узбекистон, балки ба Қазоқистону Русия ва бозгашт боз аст, зеро аксари шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Узбекистон ба ин кишварҳо сафар мекунанд. Кушодашавии роҳҳои заминӣ бозгӯи он аст, ки аз ин имкон шаҳрвандони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон, аз ҷумла сайёҳоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд, истифода кунанд.
Қаблан маълум шуда буд, ки мақомоти Узбекистон аз 16 март маҳдудияти убури марз бо Тоҷикистон ва Қазоқистонро, ки моҳи январи соли 2022 ба далели паҳн шудани штамми нави коронавируси «омикрон» ҷорӣ шуда буд, лағв кардаанд. Зимнан зикр гардид, ки барои барқарор намудани кори тамоми гузаргоҳҳои марзӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, ин тасмим аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ба далели беҳбуди вазъи эпидемиологӣ дар робита ба бемории COVID-19 гирифта шудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






