Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсияи илмию назариявии устодону донишҷӯён баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар дар радифи дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои омӯзгорӣ ва бахшҳои дигари хоҷагии халқи вилояти Хатлон ва мамлакат нақши муҳим мегузорад.
«Танҳо дар се моҳи аввали соли 2022 дар донишгоҳ 623 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 19 нафар докторони илм, профессорон, 145 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 459 нафар саромӯзгорон, омӯзгорон ва ассистентон дар 45 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул шуданд. Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 45 равия сурат гирифта, зиёда аз 70 мавзӯъро дар бар мегиранд»,- афзуд Сайфиддин Давлатзода.
Дар конференсия доктори илмҳои педагогӣ Абдурасул Сатторов дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои мубрами таълими математика», доктори илмҳои педагогӣ Санг Холназаров дар мавзӯи «Тайёрии илмӣ-методии омӯзгорон ҳамчун субъекти муҳими таълиму тарбия», доктори илмҳои техникӣ Ҷурабой Собиров дар мавзӯи «Таъсири барандагон ва ҳарорат ба хосиятҳои гармофизикии сегнетоэлектрикҳо-нимноқилҳо дар атрофи нуқтаи Кюрӣ» ва доктори илмҳои педагогӣ Баҳрулло Файзализода дар мавзӯи «Хусусияти ҳамгироёнаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо системаи маориф» маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки дар донишгоҳ барои ба илмҳои дақиқ фаро гирифтани донишҷӯён барномаҳо амалӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шудаанд. Фармон 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд.
Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо ин мақсад истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш ёфта, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавонон тақвият дода шуда, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварда шавад.
АКСҲО: ДДБ ба номи Носири Хусрав








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид






