Барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» паҳлӯҳои ҳуқуқии истифодаи обро тавзеҳ медиҳад

Апрель 4, 2022 09:09

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешрафти ҳар давлат ба якчанд омилҳо, аз ҷумла иқтидори захираҳои табиии ҳудуди он вобаста аст. Аммо тақсимоти нобаробари захираҳои табиӣ дар ҳудуди кишварҳои ҷаҳон ва сатҳи афзоиши босуръати истифодаи онҳо метавонанд ба ташаккули низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оварда расонанд. Дар чунин ҳолат зарурати танзими ин муноқишаҳо тариқи қабули санадҳои махсуси ҳуқуқиву меъёрӣ ба миён меояд.

Шумораи зиёди олимон дар навиштаҳои худ эътироф мекунанд, ки ҳуқуқи байналмилалии экологӣ дар асри XXI ба давраи нави тараққиёти худ дохил мешавад. Коршиносон ин марҳиларо ибтидои «давраи энергетикӣ — иқлимӣ» номида, ба он ишора намудаанд, ки мавҷи сеюми экологикунонии муносибатҳои байналмилалӣ оғоз меёбад. Тибқи гузоришҳои  ташкилоти ЮНЕСКО, танҳо дар нимаи дуюми асри XX дар рӯи Замин зиёда аз 1 831 муноқиша дар атрофи сарчашмаҳои об ва истифодаи захираҳои он ба қайд гирифта шуданд. Қисмати зиёди ин муноқишаҳо ба таври осоишта ҳал гардида, дар 507 маврид муноқишаҳо лаҳни шадид касб намуда, ҳатто дар 21 ҳолат бо роҳи ҳарбӣ ба анҷом расидаанд. Чунин нишондиҳанда ҷомеаи ҷаҳонро водор месозад, ки дар масъалаи об ҳамчун манбаи муноқиша ва ноамниҳои эҳтимолӣ ба таври ҷиддӣ андеша карда, барои танзими он санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расонад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба паҳлӯҳои ҳуқуқии истифодаи об имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и радиои «Ховар» бо иштироки устоди кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Яҳё Идрисов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 4, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад